Озмуни Иттифоқи нависандагон: А. Раҳнамо-2, касе лоиқи ҷойи 1 нашуд
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар озмуни шеъру ҳикоя ба муносибати 25-солагии Истиқлолият, ки бо иштироки шоирону нависандагони маъруфи кишвар баргузор шудааст, касеро сазовори ҷойи аввал надонистааст.
Ато Мирхоҷа, ноиби раиси Иттифоқи нависандагон имрӯз, 16-уми сентябр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дар ин озмун ягон асар ба талаботи ҷойи якум ҷавобгӯй набуд. Дар мавриди соҳибони ҷойҳои ду ва се афзуд, ки дар бахши назм Камол Насрулло бо шеърҳои “Ватани хайру сахо” ва “Истиқлоли мо” ҷойи дуввумро гирифт. Абдуллоҳи Раҳнамо низ бо шеърҳои “Ҷойгоҳи Ватан” ва “Ватанро мафурӯш” ба ҷойи дуввуми ин озмун даст ёфтааст. Муҳаммадалии Аҷамӣ, шоири дигарро шеърҳои “Садои ҷонбахшои сулҳ” ва “Ватан”-аш дар ҷойи саввум қарор додаанд.
Ба гуфтаи ноиби раиси Иттифоқи нависандагон дар бахши наср ҷойи дуюм ба ҳикояи «Оборванная нить»-и Нуриннисо Нуралишоева, ҷойи сеюм ба ҳикояҳои «Дили бача»-и Абдулҳамид Самадов ва «Бозгашт»-и Атахон Сайфуллоев сазовор дониста шуд.
Манбаъ афзуд ҷоиза барои ҷойҳои 2 ва 3-и назм 1 200/800 сомонӣ ва ҷойҳои 2 ва 3-и наср 1 500/1000 сомонӣ муқаррар шудааст.