Супориши ҳукумат: 26 узви тасодуфии Иттифоқи нависандагон хориҷ шуданд
Дар доираи дастури ҳукумати Тоҷикистон раёсати Иттифоқи нависандагон рӯзи 15-уми сентябр 26 нафарро аз узвияти ин иттиҳод хориҷ кардааст.
Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ин иқдом дар доираи дастури ҳукумат барои омӯзишу таҳлили маҳсули эҷодӣ ва арзёбии сатҳи касбии аъзои Иттифоқи нависандагон амалӣ шудааст: “Ин иқдом ба хотири иҷрои банди 25-уми Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, №5, аз 8-уми апрели соли 2016 дар бораи омӯзишу таҳлили маҳсули эҷодӣ ва арзёбии сатҳи касбии аъзои ИНТ амалӣ гашта, натиҷаи кори комиссияест, ки ба ин мақсад ташкил шудааст”.
Ба иттилои манбаъ комиссия осори адибонеро, ки солҳои 2014-2015 бидуни омӯзиши ҷиддии маҳсули эҷодашон ба таври дастаҷамъӣ ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта шудаанд, омӯхта, хулосаҳои худро ба раёсати ИНТ пешниҳод кард: “Дар натиҷаи овоздиҳии якдилона 26 нафар аз узвияти ИНТ хориҷ гардиданд”.
Ато Мирхоҷа таъкид намуд, ки меъёр барои муайян намудани аъзои тасодуфии Иттифоқи нависандагон ҳунари шоирию нависандагии онҳо мебошад: “Аъзои тасодуфӣ ба далели мувофиқ набудани сатҳи касбияшон аз узвияти ИНТ хориҷ карда шуданд".
Мусоҳиби "Озодагон" афзуд, феълан Иттифоқи нависандагон ҳудуди 460 узвро дар бар мегирад ва кори комиссияи омӯзишу таҳлили маҳсули эҷодӣ ва арзёбии сатҳи касбии аъзои ИНТ давом дорад.
Дар қатори хориҷшудагон аз ҷумла Абдуҳалим Самадзода (Самадов Абдуҳалим Каримович), Усмони Сабз (Сабзов Усмон Раҳмонович), Самариддин (Яқубов Самариддин Эмомович, Наргис (Эшонҷонова Қурбоной Давлатовна), Ҷумъаи Махшул, Зикруллои Файзулло, Мирзоҳайдар Умарзод, Сумангул Бобоева, Наврӯзи Гулзода, Кулолӣ (Ҳаитбой Лоиқов), Эгамназари Соҳибназар, Субҳон Ёдгорӣ, Ваҳҳоб Набиев, Саидҷалоли Саид, Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад, Муфаззали Аҷамрод, Файзулло Эшонҷон, Ширин Абдулло, Анвари Ҳусейн, Абдуқаҳҳори Қосим, Ҳазрати Ғайрат, Гулназар Хизмат, Гулназари Хатлонӣ (Бӯрӣ Гулназаров), Абдураҳим Муталзоди Фархорӣ (Давлатов Абдураҳим Муталович), Маликаи Аваз (Авазова Малика Ҷондоровна), Нуралӣ Валӣ ва Дӯстмурод Ӯроқов ном бурда мешаванд.