Далел барои назорати интернет: 8 амали террористиро пешгирӣ кардем
Як намояндаи Додситони кулли Тоҷикистон аснои суханронӣ дар Аврупо аз натиҷаҳои хуби назорати интернет дар Тоҷикистон гузориш дода, таъкид намудааст, ки интернетро набояд пурра беназорат гузошт.
Абдураҳим Абдулҳасанов, сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти амнияти миллии Додситонии кулли Тоҷикистон зимни конфронси "Озодии баён дар интернет ва мубориза алайҳи ифротгароӣ ва терроризм" дар пойтахти Босния шаҳри Сараево, таҷрибаи Тоҷикистонро мисол овардааст, ки аз ҷумла дар натиҷаи назорати гуфтугӯву суҳбатҳои интернетӣ аз 8 амали террористӣ ҷилавгирӣ шудааст.
Ин мақоми тоҷик таъкид кардааст, ки интернетро бояд назорат кард, аммо ин назорат бояд бар асоси қонун сурат бигирад: “Набояд ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон аз ҷумла ҳуқуқи озодии баён ва ҳарими хусусӣ нақз шаванд. Мо дар Тоҷикистон зарур мешуморем, ки ҳуқуқҳои пазируфтаи СММ риоят шаванд. Дар кишвари мо, ки 8,5 миллион нуфус дорад аз оғози ин сол бо назорати суҳбати одамони мушаххас дар интернет 8 амали террористӣ пешгирӣ шуданд. Агар ин назорат намебуд, албатта дар доираи меъёрҳои муайян эҳтимоли ба вуқӯъ пайвастани ин амалҳои террористӣ вуҷуд дошт”.
Ин намояндаи Додситонии кулл ҳамчунин гуфтааст, ҷилавгирии амалҳои террористӣ аз роҳи омӯзиши матлабҳои гуногун ва назорати суҳбатҳо аз тариқи вайбер ва паёмрасонҳои дигар муяссар шудааст: “Дар натиҷа шахсияти нафарони гумонбар, ки атрофи амалҳои террористии эҳтимолӣ суҳбат мекарданд, мушаххас шуд. Аз онҳо маводи инфиҷор мусодира гардид”.