Сирояти 5 нафар ба бемории “ҳорӣ” дар Ховалинг
Панҷ сокини рустои Токаки ҷамоати деҳоти сари Осиёби ноҳияи Ховалинг ба бемории “ҳорӣ” сироят ёфтаанд. Миёни онҳо як зан ҳам ҳаст.
Аз маркази бойтории ноҳия дар суҳбат ба “Озодагон” гуфтанд, ин афрод аз як гови мубталои “ҳорӣ” сироят шудаанд. Қудратулло Мунисов, раҳбари ин марказ мегӯяд, бар иловаи панҷ нафар бештар аз 10 сокини дигари русто воксин гирифтаанд.
Сайидҷаъфар Миров, соҳиби гове, ки мубталои “ҳорӣ” шудааст, мегӯяд, чорвои ӯ дар чарогоҳи тобистона қарор дошт ва баъди ба деҳа овардан мисли ҳайвони ваҳшӣ рафтор мекард: “Касеро наздик шудан намегузошт, талош мекард, ки бигазад. Монанди девонаҳо буд, ҳатто дуруст алаф намехурд”.
Ӯ мегӯяд, аз ин ҳолат ба ташвиш омада, бойторҳоро даъват карданд. Баъди ташхис маълум шуда, ки ин ҳайвон мубталои “ҳорӣ” шудааст: “Тавсия шуд, ки говро кушта, бисӯзонем ва зери хокаш намоем. Мо зуд ин корро анҷом додем. Баъди ин ҳолатамон бад шудан гирифт ва маълум гардид, ки тариқи хун ва луоби даҳони гов сироят шудаем”.
Саидҷаъфар мегӯяд, зуд онҳо воксин шуданд ва ҳоло зери муроқибати доимии табибон қарор доранд.
Қудратулло Мунисов, директори Маркази бойтории ноҳияи Ховалинг мегӯяд, ангезаҳои “ҳорӣ” дар вуҷуди ҳайвоноти ваҳшӣ, монанди гург, хирс, рӯбоҳ, шағол, хук ва монанди инҳо мавҷуд аст ва тавассути газидан ба ҳайвоноти хонагӣ мегузарад: “Баъди ин ҳодиса бештар аз 600 сар ҳайвони калони шохдор, 100 сар моли майда ва 30 маркабро доруи зиди “ҳорӣ” гузаронидем”.
Неъматулло Шарипов, масъули Мркази мубориза алайҳи бемориҳои ҳайвонот дар ноҳияи Ховалинг ба “Озодагон” гуфт, ба чорогоҳи тобистонаи ноҳия аз манотиқи дигар ҳайвонҳои хонагӣ ворид мешаванд ва ба эҳтимоли зиёд гови рустои Токак аз онҳо сироят ёфтааст: “Танҳо ҳамин сол ба чарогоҳҳо зиёда аз 200 ҳазор чорвои калону майда ворид гашта буд”.