Масоили марбут ба махфӣ нигоҳ доштани манбаъи иттилоъ мавриди баррасии журналистон ва коршиносони соҳа қарор дорад.
Айни замон дар толори хурди маҷмааи табъу нашри «Шарқи Озод» нишасти вижаи рӯзноманигорону ҳуқуқшиносон, инчунин намояндагони созмонҳои байнулмилалии муқими Душанбе ҷараён дорад, ки мавзӯъи мазкурро матраҳ менамоянд.
Тибқи иттилоъи расида, ин конфронс бо ибтикори Иттифоқи Журналистони Тоҷикистон баргузор мегардад. Зимнан, дар кори ҳамойиш сардабирони нашрияҳои мустақил, ҳуқуқшиносон ва намояндагони дигар ВАО-и ватанӣ ва хориҷӣ ширкат доранд.