Қурби $ дар Душанбе боз боло рафт
Қурби доллар дар Душанбе ҳафтаи равон каме боло рафта, ба арзиши 100 доллар боз як сомонии дигар зам шудааст.
Бонки давлатии “Амонатбонк”имрӯз, 14-уми сентябр қурби 100 доллари амрикоиро дар маркази Душанбе 791-793 сомонӣ муайян кардааст, ки нисбати нишондоди аввали моҳи равон 2-3 сомонӣ бештар мебошад.
Намояндагии “Амонатбонк” дар маркази Душанбе баробари боло бурдани қурби доллар имрӯз арзиши 1000 рублро зимни харид 118,5 сомонӣ ва ҳангоми фурӯш 119,5 сомонӣ муайян намудааст.
Дар ҳамин ҳол қурби расмии доллар низ дар сомонаи Бонки Миллӣ каме боло рафта, аз 7,8685 сомонии ҳафтаи гузашта имрӯз ба 7,8722 сомонӣ расидаст.
Аммо қурби евро дар бозори нақд аз қурби муайяннамудаи Бонки Миллӣ поинтар мебошад. Дар ҳоле, ки Бонки Миллӣ арзиши як евроро имрӯз 8,85 сомонӣ муайян намудааст, дар саррофиҳои пойтахт асъори аврупоӣ бо арзиши 8,72-8,74 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.