1,5 то 4 соли ҳабси миллатгароёни рус барои латукӯб ва қатли муҳоҷирон
Кумитаи тафтишотии Русия мегӯяд, 6 сокини Маскав ва назди Маскав моҳи феврали соли 2015 дар доираи иқдоми “Вагони сафед” ба латукӯб ва қатли афроди ғайриславянӣ даст задаанд.
Тибқи иттилоияи ин ниҳод ҷавони 17-сола моҳи феврали соли равон дар интернет даъват кардааст, ки 14-уми феврал иқдоми "Белый вагон" роҳандозӣ шавад. Ҳадафи ин иқдом ҳамла ба афроди дорои симои осиёӣ дар қаторҳои барқию истгоҳҳо арзёбӣ шудааст: “Дар рӯзи таъиншуда сокинони 17 то 19-солаи Маскаву назди он дар истгоҳи "Силикатная" ва "Чехов"-и роҳи оҳани Маскав-Курск ҷамъ омада, ба афроди ғайриславянӣ ҳамла кардаанд. Дар пайи ҳамлаи миллатгароҳо се нафар маҷруҳ ва як нафар ба ҳалокат расидааст”.
Ба иттилои Кумитаи тафтишотӣ муттаҳамон дар куштор аз беэҳтиётӣ, қасдан расондани зарари вазнини ҷисмонӣ, даъвати оммавӣ ба ифротгароӣ, авбошӣ гунаҳкор дониста шуда, аз 1,5 то 4 сол равонаи зиндон гардидаанд. Манбаъ мегӯяд, маҳкумшудагон замони содир намудани ҷиноят ноболиғ будаанд: “Бо назардошти ин ҷавони 17-сола ба 1,5 соли зиндон, ноболиғи дигар ба 4,5 соли колонияи тарбиявӣ, ҷавони 19-сола ба 2 сол ва се нафари дигар ба 4 соли зиндон маҳкум шудаанд”.