Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон баъди 15 соли “фирор”
Мақомоти пулиси вилояти Кемерови Русия аз боздошти як сокини 45-солаи Тоҷикистон хабар додааст, ки аз 16 соли пеш дар ҷустуҷӯ қарор доштааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Русия, дастгиршуда аз соли 2000-ум бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар пайгарди байналмилалӣ қарор доштааст. Манбаъ гуфтааст, дар ин муддат ӯ зуд-зуд маҳалли иқомати худро тағйир медодааст: “Феълан масъалаи ба Тоҷикистон истирдод кардани ӯ дар ҳоли баррасӣ қарор дорад”.