Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи як паёми телевизионӣ ба муносибати таҷлили рӯзи Парчами миллӣ ба сокинони кишвар аз ҷумла гуфт:
«Соли сеюм аст, ки рўзи Парчами Тоҷикистон дар кишвари соҳибистиқлоли мо ҳамчун ҷашни умумимиллӣ бо шукўҳу тантана таҷлил мегардад.Ба ин муносибат ҳамаи шуморо самимона табрик гуфта, бароятон саломативу хушбахтӣ ва сарбаландиву хонаободӣ орзу менамоям.Парчам аз замонҳои хеле қадим яке аз рамзҳои асосии давлатдории тоҷикон ба шумор мерафтааст. Тавре ки аз саҳифаҳои таърихи ғановатманди халқамон бармеояд, яке аз парчамдорони нахустини халқи мо Коваи оҳангар будааст, ки барои барҳам задани пояи ҷабру бедод ва ба даст овардани озодиву истиқлол талошу мубориза бурдааст. Парчам дар тўли садсолаҳои зиёд мояи ифтихору ғурури гузаштагони мо буда, дар қатори рамзу аркони давлатдории онҳо мақому манзалати пурарҷ доштааст.Вақте ки мо имрўз – дар оғози асри бистуяк ба таърихи гузаштаи халқамон назар меандозем, возеҳ мебинем, ки ниёгонамон дар зери парчам саф кашида, барои ҳимояи марзу буми хеш чӣ ҷонбозиҳо кардаанд.Хушбахтона, баъди садсолаҳо мардуми тоҷик ба шарофати соҳибистиқлолӣ аз нав соҳиби парчами миллӣ - рамзи давлати мустақилу соҳибихтиёр гардид.
Райисҷумҳур дар идомаи суханрониаш афзуд, ки санаи қабули Парчами ҷумҳурии Тоҷикистонро мардуми кишвар ҳамчун ҷашни умумимиллӣ аввалин маротиба 24 ноябри соли 2009 бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ истиқбол гирифтанд.
Эмомалӣ Раҳмон эҳтироми рамз, нишон ва парчами миллиро арзишҳои муқаддас унвон карда гуфт, муҳаббат ва эҳтироми Парчами миллии мо бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номус маъво дошта бошад ва ўро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд.Бигзор парчами халқи тоҷик, дирафши фатҳу иршоди тоҷик ҳамчун шўълаи имон ва оташи виҷдони ҳар фарзанди бонангу номуси миллат то абад парафшон бошад!