Эълони санаи интихоботи президентӣ дар Узбакистон
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Узбакистон рӯзи баргузории интихоботи раёсатҷумҳуҳиро эълон кард.
Мирзоулуғбек Абдусаломов, раиси ин комиссия гуфтааст, интихоботи президентӣ дар Узбакистон рӯзи 4 декабри соли равон баргузор мешавад. Пешбарии номзадҳо 30 сентябр оғоз шуда, то 20 октябр идома хоҳад ёфт.
8 сентябри соли равон дар пайи ҷаласаи якҷояи ду палатаи порлумони Узбакистон сарвазир Шавкат Мирзиёев президенти муваққатӣ интихоб шуд. Бар пояи моддаи 96-и Конститутсияи Узбакистон, ҳангоми вафот ё истеъфои президент вазифаҳои ӯ то интихоби нави президентӣ ба зиммаи раиси Сенати олии Маҷлиси ин кишвар Неъматулло Юлдошев бояд вогузор мешуд. Вале дар ҷаласаи парлумон Юлдошов аз ин мақом даст кашид.
Президенти аввалини Узбакистон Ислом Каримов, ки 27 сол зимоми раҳбариро дар ихтиёр дошт, дар пайи хунравии мағзӣ дар 78-солагӣ даргузашт.