Раҳбари Толибон 106 асирро афв кардааст
Ҳайбатуллоҳ Охундзхода, раҳбари Толибони Афғонистон дар мавриди афви асирон фармон содир кардааст. Дар ин бора сомонаи “Афғонистон имрӯз” хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, бар пояи ин фармон, ки бахшида ба Иди Қурбон содир шудааст, 106 асир аз зиндонҳои Толибон раҳо шудаанд. Манбаъ мегӯяд, бештари ин афрод дар гузашта дар сафи неруҳои ҳукуматӣ хидмат мекардаанд: “Ин афрод ваъда додаанд, ки дигарбора ба неруҳои ҳукуматӣ намепайванданд”.
Толибон дар навоҳии таҳти контроли худ дар Афғонистон маҳбасҳо созмон дода, асирон ва дигар мухолифонашонро нигаҳ медоранд.
Чанде пештар дар музофоти Ҳилманд яунин як маҳбас аз сӯи артиши ИМА бомбборон шуд. Дар натиҷа даҳҳо сарбози афғон, ки ҳамчун асир нигоҳ дошта мешуданд, ба ҳалокат расиданд.