Боздошти ғоратгарони 48 000 $ аз хонаи хоби мансабдори гумрук
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ниқобпӯшоне хабар дод, ки шаби 7-уми сентябр ба хонаи сокини 49-солаи шаҳри Қӯрғонтеппа, мансабдори Хадамоти гумрук ҳамла карда, сейф бо 48 ҳазор доллар ва мошини “Хонда СР-В”-ашро рабудаанд.
Тибқи иттилоияи Вазорати умури дохилӣ соати 1 ба 2-и шаби 7-уми сентябр 3 ниқобпӯш ба хонаи марди 49-солаи сокини шаҳри Қӯрғонтеппа ҳамла карда, ӯ ва ҳамсари 49-сола, писари 17-сола ва духтари 15-солаашро мавриди лату кӯб қарор додаанд: “Пас аз бастани дасту пойи аъзои хонавода аз дохили ҳуҷраи хобашон, як сейфи оҳанин бо 48000 долларро гирифта, бо мошини “Хонда СР-В”-и соҳибхона аз ҷойи ҳодиса фирор намудаанд”.
Манбаъ мегӯяд, 8-уми сентябр кормандони милиса бо иттиҳоми даст доштан дар ин роҳзанӣ 5 нафарро дастгир намуданд: “Боздоштшудаҳо 4 сокини 31, 41, 46 ва 51 солаи ноҳияи Бохтар ва як сокини 29-солаи шаҳри Қӯрғонтеппа мебошанд. Миёни боздоштшудаҳо марди 51-сола пеш бо моддаи 200-и Кодекси ҷиноӣ ва марди 46-сола бо моддаҳои 96 (таҳрири 1961) ва 244 КҶ ҶТ суд шудаанд”.
Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, ҳамлагарон баъди он, ки бо 48 ҳазор доллар ва “Хонда СР-В”-и соҳибхона аз ҷойи ҳодиса фирор кардаанд, мошинро дар маҳаллаи Қизилюлдузи ноҳияи Бохтар гузошта, ба автомашинаи дигари тамғаи “Опел-Астра” сейфро ба хонаи як узви гуруҳ бурда, пинҳон намудаанд. Ба гуфтаи манбаъ муттаҳамон дар роҳзанӣ маблағи дуздидаашонро байни худ тақсим кардаанд: “Ҳангоми азназаругзаронии манзили истиқоматии гумонбаршудагон сейфи мазкур ва як қисми маблағи пулӣ ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуд. Нисбати боздоштшудаҳо бо иттиҳоми роҳзанӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.
“Озодӣ” аз қавли манобеяш иттилоъ додааст, ки ҷабрдидаи 49-сола, Қурбон Зуҳуров, сардори шуъбаи аудити Хадамоти гумруки вилояти Хатлон мебошад.