Қатли духтари 18-сола аз сӯи дӯстдошта дар рӯзи ид
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон боздошти Фирӯз Ҳамидов, донишҷӯи соли чоруми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб хабар доданд, ки дар қатли дӯстдоштааш муттаҳам мешавад.
Тавре манобеи “Озодагон” аз мақомоти умури дохилии минтақаи Кӯлоб иттилоъ доданд, Ҳамидов дар он муттаҳам мешавад, ки рӯзи 9-уми сентябр дар манзили иҷорагирифтаи худ дӯстдоштаи 18-солаашро буғӣ карда, ба қатл расондааст.
Манбаъ афзуд, ки ҷавондухтари марҳум Робия Одинаева, сокини ҷамоати деҳоти Чагами ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, донишомӯзи соли дуюми литсейи касбӣ-техникии сохтмонии шаҳри Кӯлоб буд: “Маркази ташхиси судии минтақаи Кӯлоб муайян кардааст, ки Одинаева мавриди дастдарозӣ қарор нагирифтааст, яъне бокира буд. Феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.