Мирзиёев, Путин, Руҳонӣ, Обама, Оқохони IV... тоҷикистониёнро шодбош гуфтанд
Шуморе аз раисҷумҳурон ва роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва миллати тоҷикро ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ шодбош гуфтаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Шавкат Мирзиёев, иҷрокунандаи вазифаи Президенти Узбакистон дар табрикоти худ гуфтааст: “Муҳтарам Эмомалӣ Шарипович, табрикоти самимӣ ва таманниёти неки маро ба муносибати 25-солагии Рӯзи истиқлолият қабул фармоед. Мутмаинам, муносибатҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон, ки дар асоси ҳусни ҳамҷаворӣ, боназардошти манфиатҳои ҳамдигар ва ба манфиати таъмини суботу амният дар минтақаи мо бунёд ёфтааст, минбаъд низ рушду таҳким хоҳанд ёфт. Бо истифода аз ин имконият, ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарипович саломатии қавӣ, дар фаъолияти масъули давлатиатон муваффақият ва ба халқи дӯсти Тоҷикистон сулҳу шукуфоии минбаъда таманно дорам”.
Барак Обама, президенти Амрико дар номаи шодбошии худ Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистонро аз номи мардуми Амрико табрик гуфтааст. Обама зимни умедвории сулҳу осоиштагӣ ба халқи Тоҷикистон аз ҷашнгирии 25-солагии ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Амрико низ ёд кардааст.
Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон дар номаи шодбошии худ гуфтааст: “Ҷумҳурии исломии Эрон аз замони истиқлоли Тоҷикистон дар канори мардуми он кишвар буда ва ҳамвора талош кардааст бо эҷоди равобити амиқ ва дӯстона, ҳамкориҳои фимобайнро дар ҷиҳати манофеи муштарак тавсеа диҳад”.
Дар барқияи Владимир Путин, президенти Русия гуфта шудааст: “Тӯли чоряк асри гузашта мамлакати Шумо дар ҳалли масъалаҳои муҳими рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмию техникӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Тоҷикистон бе шубҳа дар арсаи ҷаҳонӣ соҳиби обрӯи баланд мебошад”. Владимир Путин аз муносиботи кишвараш бо Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда таъкид кардааст, ки “муносибот миёни давлатҳои мо дар руҳияи шарикии стратегӣ ва муттаҳидӣ ба таври муназзам рушд меёбанд”. Раисҷумҳури Русия самараи ҳамкории дуҷонибаро дар чаҳорчӯби созмонҳои ИДМ, СПАД, СҲШ ва дигар хуб гуфтааст.
Си Ҷинпин, раисҷумҳурии Чин зимни изҳори шодбошии худ 25 соли соҳибистиқлолиро таҳти раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон чунин тасвир кардааст: “Дар 25 соли соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии қатъии Шумо Тоҷикистон ваҳдати миллӣ, суботи иҷтимоӣ ва беҳбуди некӯаҳволии мардумро ба даст оварда, роҳи муваффақонаи тараққиётро пайдо кард, ки он бо хусусияти миллии кишвари худ мувофиқ аст, ки ба он ҷониби Чин баҳои баланд медиҳад”. Ҷаноби Ҷинпин бо изҳори умедворӣ гуфтааст: “Ман ба вусъати муносибатҳои Чину Тоҷикистон аҳамияти муҳим медиҳам ва мақсад дорам, ки ҳамроҳ бо Шумо ин ҳамкории стратегиро ба манфиати мардумони ду кишвар ба сатҳи нав мебардорем”.
Акихито, императори Япония, 25-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистонро чунин шодбош гуфтааст: “Бо хушнудии зиёд табрикоти самимӣ ва таманниёти неки худро ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, ирсол дошта, ба мардуми кишвари Шумо хушбахтӣ ва шукуфоӣ орзумандам”.
Номаҳои шодбошӣ инчунин аз сӯи Роҳбари исмоилиёни ҷаҳон – Шоҳзода Карим Оқохони IV, амири Давлати Кувайт – Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, Маликаи Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ – Елизаветаи II, Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Ходими Ҳарамайни Шарифайн Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд, президенти Ҷумҳурии Федеративии Германия – Йоахим Гаук, президенти Конфедератсияи Швейтсария, дабири кулли Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ – Иёд Амин Маданӣ, котиби генералии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай – Рашид Олимов, сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон – Муҳаммад Навоз Шариф, президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Пранаб Мукерҷӣ, президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон, Нурсултон Назарбоев, президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ва чандин чеҳраҳои сиёсии дигари ҷаҳон расидаанд.