Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпӣ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, аз 21 то 30-юми ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе миёни мураббиёни тенниси рӯи миз машғулиятҳои бозомузӣ баргузор мегардад. Чорабинии мазкурро намояндаи Миср Аҳмед Давлатӣ мегузаронад. Ин машғулиятҳо бо ташаббуси Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи барномаи ҳамбастагии олимпӣ доир мешаванд.
Гуфта мешавад, ки машғулиятҳо ҳам дар шакли амалӣ ва ҳам назариявӣ ҷараён мегиранд.