Андозбандии сабук барои 6 корхонаи ҷадид
Барои ҷалби сармоя ва ҳавасмандкунии сармоягузорон бо пешниҳоди вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ба шаш корхонаи навтаъсиси коркарди нахи пахта имтиёзҳои андозбандӣ дода шуд.
Бино ба иттилои ин вазорат, ба ин гурӯҳи муассисаҳо аз қабили коргоҳи нави ресандагии «Хима -текстил», ҶММ «Нику- Хуҷанд», ҶДММ « Спитамен-текстайл», ҶСП «Олим-текстайл», ҶММ «Фаррес» ва ҶСК «Бофандаи Норак» шомиланд, ки дар 3 моҳаи аввали соли равон сохта мавриди истифода қарор гирифтаанд. Аз рӯи маълумоти ин вазорат то соли 2015 бунёди боз 15 корхонаи нави коркарди нахи пахта ва муҷаҳазгардонии техникии як қатор корхонаҳои мавҷуда пешбинӣ шудааст. Масъулини ин вазорат мегӯянд, сол то сол афзоиши корхонаҳои коркарди нахи пахта барои баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёти ҷумҳурӣ, коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ мусоидат хоҳад кард.