Латту кӯби сокини 47-солаи Исфара дар шаҳри Хуҷанд (АКС)
Дар маркази вилояти Суғд ашхоси номаълум як сокини 47-солаи шаҳри Исфараро латту кӯб намуда, пулҳояшро рабудаанд.
Аз Раёсати корҳои дохилии Суғд ба "Озодагон" иттилоъ доданд, ки ин ҳодиса шоми 29 августи соли равон, тахминан соатҳои 24:00 дар маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд ба вуқӯъ пайвастааст: "Нафарони номаълум Илҳом Пӯлодовро латту кӯб намуда, 1190 сомонӣ ва 300 доллари ӯро тасарруф намудаанд".
Ба иттилои манбаъ, бо иттиҳоми анҷоми ин амал як сокини 33-солаи ноҳияи Айнӣ боздошт шудааст: "Аз рӯйи ин ҳодиса бо моддаи 248-и Кодекси ҷиноятӣ "Ғоратгарӣ", парванда боз шуда, айни ҳол барои муайян ва дастгир намудани дигар гумонбарони ҳодиса корҳои фаврӣ-тафтишотӣ идома дорад".