Мақомот: Дарёфти SMS аз Гулмурод Ҳалимов тасдиқ нашуд
Мақомоти Тоҷикистон ба таҳқиқи паёмҳои таҳдидомези Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи “ОМОН”-и кишвар пардохтаанд. Дар ин бора Хадамоти хабарии Осиёи Марказӣ хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, Гулмурод Ҳалимов гуфтааст, сарбозонро бо 25-солагии истиқлолияти Тоҷикистон “табрик” хоҳад кард. Таҳдидҳо дар шакли паёмак ба телефонҳои мобилӣ ирсол шуда, зераш номи Ҳалимов зикр гардидааст. Аммо дар суҳбат бо "Озодагон" аз мақомоти додситонӣ, марзбонӣ ва умури дохилӣ изҳор доштанд, ки то ҳол дарёфти паёмак аз номи Гулмурод Ҳалимов тасдиқ нашудааст ва таҳқиқи ин хабар идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки қаблан аз вазири ҷанги ДИИШ шудани Ҳалимов гузоришҳо расида буд. Департаменти давлатии ИМА 30 август эълон кард, ки барои иттилоъ дар мавриди макони будубоши сардори пешини “ОМОН” 3 миллион доллар ҷоиза медиҳад.
Гулмурод Ҳалимов моҳи апрели соли 2015 замоне аз пайвастанаш ба гуруҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” хабар дод, ки раҳбари “ОМОН”-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон буд.