Рӯсарӣ ё мактаб? Директор духтари тоҷикро ба дарс роҳ надод
Як духтари тоҷик, хонандаи синфи 8-ро барои доштани рӯсарӣ ба мактаби рақами 36-и шаҳри Тамбов роҳ надодаанд.
Дар ин бора расонаҳои русӣ аз қавли Хуршед Сафолов, падари ин навраси тоҷик хабар додаанд. Сафолов, ки хонаводаашон ду соли қабл аз Тоҷикистон ба Тамбов кӯч бастааст, мегӯяд, “мо ҳозир ин масъаларо баррасӣ дорем. Ё ба мактаб бе рӯсарӣ меравад, ё таҳсилро дар шароити хона идома медиҳад”.
Людмила Свешникова, мудири мактаби рақами 36, ки навраси тоҷикро бо рӯсарӣ ба дарс роҳ надодааст, дар шарҳи қазия гуфтааст, барои ҳамаи хонандаҳо либоси ягона пешбинӣ шудааст: “Дар либоси ягона барои муҳассилини мактаб ягон намуди рӯсарию сарпӯш пешбинӣ нашудааст. Яке бо сарпӯш, дигаре бо кулоҳ сеюмӣ бо фуражка ва ман ҳам чизеро дар сарам мепечонам, ҳама чунин бигардем?”
Абдураҳим Илёсов, имоми ҷамъияти мусалмонони Тамбов изҳори боварӣ кардааст, ки доштани рӯймоли сафед ҳеч мухолифате бо либоси мактабӣ надорад: “Бояд забони якдигарро меёфтем. Қотеъона набояд амал кард, ки бо рӯсарӣ набиё, ин ҷо Ислом нахоҳад буд”.
Сергей Кузнетсов, ноиби раиси шаҳри Тамбов роҳ наёфтани духтари рӯймолпӯшро ба дарс талаботи мактаб хонда, таъкид намудааст, ки ҳамаи хонандаҳо бояд меъёри ягонаи либоси мактабиро риоя кунанд: “Мудирияти мактаб талаботро барои модари ин наврас фаҳмонда, хоҳиш кардааст, ки онро риоя кунанд. Бо вуҷуди ин духтар то ҳол ба мактаб наомадааст”.
Ин дар ҳолест, ки соли гузашта додгоҳи олии Русия қарори бархе аз додгоҳҳои минтақавиро барои манъи ҳиҷоб дар мактабҳои миёна қонунӣ хонда, онро ба таъмини амнияти кӯдакон рабт дод.