Собиқадори “Алфа”: Вазири ҷанг шудани Ҳалимов сабаби ҷалби бештари зодагони Осиёи Марказӣ ба ДИИШ мешавад
Сергей Гончарев, роҳбари Анҷумани собиқадорони “Алфа”-и ФСБ-и Русия гуфтааст, таъини Гулмурод Ҳалимов ба мақоми вазири ҷанги ДИИШ метавонад сабаби ҷалби бештари зодагони Осиёи Марказӣ ба сафҳои ин гуруҳи террористӣ шавад.
Гончарев дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии НСН гуфтааст, “вазири ҷанги ДИИШ дар Шуравӣ ва ИМА таҳсилоти низомӣ дида, аз усулҳои муборизаи гуруҳҳои зиддитеррористии ин кишварҳо огоҳ мебошад ва метавонад ин усулҳоро дар муқобили рақибонаш истифода барад”.
Роҳбари Анҷумани собиқадорони ниҳоди зидди террористии ФСБ таъкид карда, ки барои як зодаи кишвари Осиёи Марказӣ вазири ҷанги “Давлати исломӣ” таъин шудан, “ифтихори бузург” аст ва тахмин задааст, ки сафи ДИИШ аз ҳисоби зодагони Осиёи Марказӣ бештар мешавад.
Ахиран, расонаҳои ироқӣ аз таъини Гулмурод Ҳалимов, сардори пешни “ОМОН”-и Тоҷикистон ба ҳайси вазири ҷанги ДИИШ хабар доданд. Пойгоҳи телевизионии alsumaria.tv бо такя ба як манбаи худ дар сохтори амниятии Ироқ иттилоъ дод, ки полковники фирории тоҷикро ба ҷойи Абу Умари Шешонӣ (чеченистонӣ) таъин кардаанд.
Ин таъинот дар ҳолест, ки чанд рӯз пештар Ҳукумати ИМА барои пешниҳоди маълумот дар бораи макони будубоши ӯ то 3 миллион доллар ҷоиза эълон кард.