Иҷозати Убайдуллоев: 6 сентябр ҳам роҳбандӣ мешавад
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе бо имзои як қарор ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон иҷозат додааст, ки фардо 6 сентябр аз соати 8 то 10:30 дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт марҳилаи ниҳоии омодагиро ба паради ҳарбии бахшида ба 25-солагии Истиқлолият гузаронанд.
Тавре аз шаҳрдории Душанбе ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Убайдуллоев Вазорати мудофиаро вазифадор кардааст, ки ҳангоми гузаронидани тамрини сафороӣ интизоми баланди ҳарбӣ ва ҳолати санитарию эпидемиологиро риоя намояд.
Шаҳрдори Душанбе ба мақомоти умури дохилӣ ва амният дастур додааст, ки ҳаракати воситаҳои нақлиётро дар мавзеи баргузории тамрин маҳдуд намуда, барои тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон чораҳои иловагӣ андешанд.