Interpol Муҳиддин Кабириро меҷӯяд
Пулиси байналмилалӣ ё Interpol Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро бо иттиҳоми “терроризм, ташкили иттиҳоди ҷиноӣ ва қаллобӣ” расман таҳти пайгард қарор додааст.
Охирҳои моҳи июли соли равон Муҳиддин Кабирӣ изҳор дошта буд, дар ҷустуҷӯи пулиси байналмилалӣ нест. Ин иддаои Кабирӣ баъди он садо дод, ки Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дар нишасти хабарие изҳор дошт, раиси ҲНИТ таҳти пайгарди байналмилалии Интерпол қарор дорад. Кабирӣ дар суҳбате бо “Исламнюз” гуфта буд, Интерпол дархости Тоҷикистонро барои мавриди пайгарди байналмилалӣ қарор додани ӯ рад кардааст.
4 август Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ниҳодаш таъкид намуд, тамоми ҳуҷҷатҳои лозим барои боздошти Кабирӣ ба кишварҳои хориҷӣ равон шуда, пулиси байналмилалӣ ӯро ҷустуҷӯ мекунад.
Муҳиддин Кабирӣ баъд аз интихоботи парлумонии соли 2015 ба хориҷи кишвар сафар кард. Моҳи сентябри соли сипаришуда дар пайи исёни генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири мудофиа фаъолони ҲНИТ боздошт шуда, Додгоҳи олӣ онро террористӣ эълон кард.