Баъди ҷоизаи ИМА Ҳалимов раҳбари низомии ДИИШ шуд
Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи “ОМОН”-и Тоҷикистон раҳбари шохаи низомии гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” таъйин шудааст. Дар ин бора пойгоҳи телевизионии alsumaria.tv-и Ироқ хабар додааст.
Як манбаи амниятии Ироқ бидуни ифшои номаш ба ин пойгоҳ гуфтааст, ДИИШ полковники фирории тоҷикро ба ҷойи Абу Умари Шешонӣ (чеченистонӣ) таъин кардааст. Аммо ҳанӯз раҳбарони гуруҳи террористӣ ин хабарро тасдиқ ё рад накардаанд. Расонаҳои марбут ба “Давлати исломӣ” 13 июл аз кушта шудани Абу Умар Шешонӣ дар Ироқ хабар дода буданд.
Раҳбари шохаи низомии ДИИШ таъин шудани Гулмурод Ҳалимов дар ҳолест, ки ИМА эълон кард, барои маълумот дар бораи маҳалли будубоши ӯ 3 миллион доллар ҷоиза медиҳад. 30 август Курт Райс, муовини ёвари Котиби давлатӣ оид ба таҳлилу таҳқиқи таҳдидҳои назди дафтари амнияти дипломатии Департаменти давлатии ИМА дар як суҳбати телефонӣ бо хабарнигорон гуфт, Ҳалимов дар ИМА дар чанд давраҳои омӯзишии мубориза бо терроризм омӯзиш дида, як ҷанговари бисёр ҳирфаӣ мебошад ва аз шеваҳои муборизаи Амрико бо гуруҳҳои террористӣ огоҳ аст. Масъули Департаменти давлатии ИМА огоҳии Ҳалимовро аз шеваҳои мубориза алайҳи терроризм хатарнок хонда, илова намуд, “ин метавонад ба нафъи мо набошад”.
Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи 40-солаи дастаи таъйиноти махсуси ВКД ё “ОМОН”-и Тоҷикистон баъди як моҳи бедарак шуданаш 27 майи соли 2015 тариқи як навори видеоӣ дар интернет аз пайвастанаш ба созмони террористии “Давлати исломӣ” хабар дод.