Эмомалӣ Раҳмон: Ислом Каримов барои ҳамаи мо хеле гиромӣ буд…
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба даргузашти ҳамтои узбакаш – Ислом Каримов ба мардуми Узбакистон изҳори таслият кардааст.
Дар барқияи Президенти Тоҷикистон аз ҷумла гуфта мешавад: “Дар Тоҷикистон хабари талафоти вазнину ҷуброннопазири мардуми дӯсти ӯзбек-вафоти бемаҳали Ислом Абдуғаниевич Каримовро, ки барои ҳамаи мо хеле гиромӣ буд, бо эҳсоси андуҳи амиқ дарёфтанд”.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, Ислом Абдуғаниевич ҳамчун ходими барҷастаи давлатие, ки аз бисёр ҷиҳат хислату мазмуни як давраи томи таърихиро дар рушди мамлакаташ пас аз соҳиб гаштан ба истиқлоли давлатӣ муайян кардааст, абадан дар таърихи мардуми ӯзбек сабти ном шуд: "Ба шарофати фарзонагӣ ва дурандешиаш ӯ эътирофи умум гашта, ба ҳайси сиёсатмадори фарохмиқёс берун аз марзҳои кишвари худ низ соҳиби обрӯи шоиста гашта буд. Хотираи нек дар бораи ӯ ҳамеша дар қалбҳои мо мондагор хоҳад буд.Дар ин лаҳзаҳои мотам мо таъзияву ҳамдардии самимии худро ба мардуми бародари ӯзбек, ба ҳамаи пайвандону наздикони Ислом Абдуғаниевич изҳор медорем".
Маҷлиси Олӣ ва Девони вазирони Узбакистон 2 сентябр аз даргузашти Ислом Каримов хабар дода, эълон кард, бар асоси васияти ӯ ҷанозааш тибқи анъанаҳои мусулмонӣ дар Самарқанд ба хок супурда мешавад. Маросими видоъ бо Каримов имрӯз, 3 сентябр баргузор мегардад. Дар робита ба марги Каримов дар Узбакистон 3 рӯз мотами миллӣ эълон шудааст. Хабари бо сактаи мағзӣ бистарӣ шудани Ислом Каримов рӯзи 27 август расонаӣ шуд.
Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими видоъ бо Каримов ба Самарқанд меравад.