Убайдуллоев 3 сентябр дар Душанбе дави миллӣ эълон кард
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе бо имзои як қарор фардо 3-юми сентябр дар пойтахт рӯзи дави миллӣ эълон кард.
Тавре аз шаҳрдории пойтахт ба “Озодагон” иттилоъ доданд, дави миллӣ аз соати 7-и субҳ то 11 дар масири маҳаллаи “Чорбоғ”- “Наврӯзгоҳ” баргузор хоҳад шуд.
Ба иттилои манбаъ дави миллӣ ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим баргузор мегардад. Маҳмадсаид Убайдуллоев роҳбарони мақомоти умури дохилӣ ва амнияти шаҳри Душанберо вазифадор намудааст, ки зимни ин чорабинӣ тартибот ва бехатарии шаҳрвандонро таъмин кунанд.