Мусофири ҷанҷолӣ ҳавопаймои Маскав-Кӯлобро дар миёнароҳ фуруд овардаст
Ҳавопаймои А-320-и ширкати «Уралские авиалинии», ки дар хатсайри Макав-Кӯлоб парвоз доштааст, шаби гузашта ба таври изтирорӣ дар шаҳри Самара фуруд омадааст.
Тавре “Интерфакс” аз қавли масъулини «Уралские авиалинии» хабар медиҳад, яке аз мусофирон, шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми парвоз ҷанҷол бардошта, қасди латукӯби ҳайати хидматрасонҳои ҳавопаймо кардааст: “Баъди чанд талоши мусофир барои латукӯби ҳайати кормандони ҳавопаймо, сардори халабонҳо тасмим гирифтааст, ки дар Самара фуруд ояд. Баъди супоридани мусофири ҷанҷолӣ ба кормандони пулис дар Самара ҳавопаймо парвозашро ба самти шаҳри Кӯлоб идома додааст”.