Оби хунуки Саудӣ зоирини тоҷикро мубталои дарди гулӯ кардааст
Асад Нуров, сардухтури мавсими Ҳаҷ-2016 мегӯяд, истеъмоли аз ҳад зиёди оби хунук бисёре аз зоирини тоҷикро ба дарди гулӯю зуком гирифтор кардааст.
Тавре Кумитаи дини Тоҷикистон аз қавли Нуров хабар медиҳад, дар мавсими имсола ба зоирини тоҷик 20 табиб хидмат мерасонанд ва ҳамарӯза ҳудуди 100-150 ҳоҷӣ ба нуқтаҳои тиббии мавсимӣ муроҷиат мекунанд.
Ба гуфтаи Асад Нуров ҳоҷиёни тоҷик бештар аз бемориҳои фишорбаландӣ, дарди гулӯ ва зуком шикоят доранд: “Аз сабаби истеъмоли зиёди оби хунук дар дохил ва хориҷ аз ҳарам зоирон бештар ба дарди гулӯ ва маҳкамшавии гулӯ гирифтор мешаванд. Барои ҷилавгирӣ аз ин табибони мавсим миёни ҳоҷиён корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда истодаанд”.
Кумитаи дини Тоҷикистон хабар дод, ки то имрӯз ҳудуди 60 дарсади ҳоҷиёни Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ расидаанд ва вазъи сиҳатии онҳо хуб аст: “Дар меҳмонхонаҳо 6 нуқтаи тиббӣ ба таври шабонарӯзӣ фаъолият доранд ва 20 табиб дар хидмати ҳоҷиён мебошанд”.