Худсӯзии зани 55-сола баъди ҷанҷол барои дарзмол накардани куртаи шавҳар
Як сокини миёнасоли ноҳияи Муъминобод худро оташ задааст.
Наздикони Шарифамоҳ Қосимоваи 55-сола мегӯянд, ӯ баъди ҷанҷол бо шавҳараш барои дарзмол накардани курта даст ба ин кор задааст. Ба гуфтаи ҳамсояҳои хонум Қосимова зиндагии ин хонавода, ки соҳиби чор фарзанд буданд, хуб будааст.
Ин зан худро 19 август оташ зада, баъди як рӯз дар беморхонаи ноҳияи Муъминобод даргузаштааст.
Додситонии ноҳия мегӯяд, ин нахустин ҳодисаи даст ба худкушӣ задани як зани миёнасол дар Муъминобод аст: “Дар шаш моҳи соли равон дар ҳудуди ноҳия шаш ҳодисаи худкушӣ ба қайд расидааст”.