Душанбе: Зани солхӯрда бародарашро корд задааст
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон як зани солхӯрдаи сокини шаҳри Душанберо дар маҷруҳ кардани бародараш муттаҳам мекунанд.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ 31-уми август дар пайи корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ зани 54-сола боздошт гардид, ки шоми 29-уми август дар хонаи истиқоматиашон бе ягон асос бо бародари 37-солааш ҷангу ҷанҷол карда, бо корд як маротиба ба қафаси синааш зарба задааст: “Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”.
Инчунин маъмурини милиса рӯзи гузашта сокини 31-солаи шаҳри Кӯлобро дастгир намудаанд, ки дар маҷруҳ кардани ҳамсараш айбдор мешавад: “Зани 25-солааш ба мақомоти милиса ариза пешниҳод карда, арз доштааст, ки шавҳараш бо корд ба қисми гардан ва дасташ зарба задааст. Феълан таҳқиқи ин ҳодиса низ идома дорад”.