АКС: Ҷузъиёти қатли саррофи 26-сола барои 54 сомонӣ
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Ишонқулов Абдулло Мирзоқулович, сокини 33-солаи шаҳраки Пролетари ноҳияи Ҷ.Расулов хабар дод, ки дар қатли саррофи 26-сола барои 54 сомонӣ муттаҳам мешавад.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, қатли сарроф-Мирҳалимов Олимҷон Баҳодурович, соли таваллудаш 1986 дар ноҳияи Ҷ.Расулов 25-уми ноябри соли 2012 содир шуда буд ва муттаҳам то ҳол мавриди пайгард қарор дошт.
Ба иттилои манбаъ Ишонқулов соати 9:30 ба нуқтаи мубодилаи асъор дар кӯчаи Рӯдакии шаҳраки Пролетар, дар рӯбарӯи бозори марказии ноҳия ҳамла кардаст: “Муттаҳам ба тафтишот нишондод додааст, ки аввал хостааст, бо зӯри ҷисмонӣ аз ҷабрдида маблағҳояшро ситонад. Аммо сарроф муқобилият нишон додааст ва дар натиҷа Ишонқулов бо корд як бор ба гардан ва ду бор ба шиками ҷабрдида зарба зада, фирор намудааст”.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъкид мекунад, ки ғанимати Абдулло Ишонқулов аз ин куштор 54 сомониро ташкил додааст: “Феълан аз рӯи далели ҷинояти одамкушӣ нисбати Абдулло Ишонқулов парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, мавриди тафтиши мақомоти додситонии ноҳияи Ҷ.Расулов қарор дорад”.