Бояд гуфт, нашриёти мазкур фаъолияти худро дар самти табъу нашри китобу асарҳои илмию оммавӣ ба роҳ мондааст ва пайваста адабиёти дорои аҳамияти илмиро ба дасти чоп медиҳад. «Мавқеи матбуоти иттиҳодиявӣ дар журналистикаи муосири тоҷик» панҷумин китоби Илҳомҷон Ҳамидов буда, аз 176 саҳифаи андозаи А4 иборат буда, дар муқоваи олӣ (суперобложка) чоп шудааст ва аз мағозаи электронии morebooks.de қобили дарёфт аст.