Президент доштани муовини 3-ро ба вазири фарҳанг иҷозат дод
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори ҷадиди ҳукумат доштани муовини сеюмро барои вазири фарҳанг иҷозат дод.
Тибқи қарори имзонамудаи раисиҷумҳур теъдоди кормандони дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанг ба 66 нафар расонда шуданд.
Аммо то ҳол касе ба мақоми навтаъсис дар Вазорати фарҳанг таъин нашудааст. Аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки айни ҳол вазир Шамсиддин Орумбекзода ду муовин дорад, ки Ибодулло Машраб Раҳмон ба ҳайси муовини якум ва Обид Назаров ба ҳайси муовини вазири фарҳанг фаъолият дорад.
То ҳол бархилофи бисёре аз вазорату кумитаҳои дигар барои Вазорати фарҳанг доштани танҳо ду муовини вазир иҷозат буд.