Жириновский “джамшуд”-у “гастербайтер”-ро иштибоҳ хонд: Бояд “СССР”-ро барқарор кунем (ВИДЕО)
Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал-демократи Русия “джамшуд” ва “гастербайтер” хондани тоҷиконро иштибоҳ гуфта, чунин падидаҳоро кори дасти тахрибкорони “СССР” ва мухолифони эҳёи он иттиҳод хонд.
Ин нуктаро Жириновский зимни як ҳамоиш дар Маскав ҳангоми посух ба Шамсиддин Бобоев, хабарнигори нашрияи “СССР” изҳор дошт. Бобоев бо пешниҳоди нусхаи мақолаи баҳсбарангези Сергей Пономарёв ба Жириновский назарашро дар бораи ин матлаб ва “гастербайтер”-у “ҷамшуд” хондани як миллати бузург пурсид.
Раиси либерал-демократҳои Русия гуфт, чунин зуҳурот иштибоҳ аст ва онро кори дасти тахрибкорони давлати шӯравӣ хонд: “Аз ҳар усул кор бурданд, ки халқи Шӯравиро ҷанг андозанд, то душман шаванду бо хурсандӣ аз ҳам ҷудо гарданд. Зеро мағлуб кардани “СССР”, ҳам аз нуқтаи назари низомӣ ва ҳам иқтисодӣ ғайриимкон буд. Бинобар ин такя ба масоили миллӣ карданд, то 15 ҷумҳуриро ҷудо намуданд”.
Жириновский таъкид намуд, ки муносиботи таҳқиромез ҳамеша ҷой хоҳад дошт, вақте чизи бегонаю нофаҳмо ба сокинони маҳаллӣ халал мерасонад ва ҳамеша ангушти иттиҳом сӯи онҳо баланд хоҳад шуд, ки “гастербайтер”-ҳо гунаҳкоранд ё “лимитчик”-ҳо гунаҳкоранд.
Ӯ роҳи ягонаи ҷилавгирӣ аз ин зуҳуротро барқарор кардани “СССР” хонд: “Мою шумо як роҳ дорем. СССР-ро бе модели шӯравӣ ва Ҳизби коммунист бо низоми бисёрҳизбӣ барқарор кунем. Бигузор кишвари ягона бо қаламрави ягона бошад. Дар акси ҳол моро пайваста зидди ҳам мешӯронанд”.
Дар идома Жириновский бо зикри 150 ҳазор талафоти ҷонии ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аз вуруди Толибон ҳушдор дод: “Толибон дар Кобул ҳатман сари қудрат меоянд ва онгоҳ миллионҳо нафар хостори вуруд ба ба кишварҳои дар айни ҳол каму беш маданӣ-Тоҷикистон Узбакистон мешаванд”.
Зимни ҷамъбасти суханҳояш Жириновский гуфт, “мо набояд ҳамдигарро ба хандахаришу тамасхур кашему ҷойҳои заъфи ҳамдигарро кобем. Аммо мутаассифона барои ин ташвиқ мекунанд, метарсанд, ки мо боз муттаҳид мешавему халқи 300 миллионӣ хоҳем шуд. Боз Туркияю Эрон омодаанд ба мо бипайванданд он гоҳ 500 миллион хоҳем буд”. ВИДЕОИ посухи Жириновский ба суоли рӯзноманигори тоҷик