Манбаъ афзуд, дар дар ҷараёни гузаронидани корҳои васлкунии зеристгоҳи навбунёд дар шаҳраки Гипрозем аз ҷониби Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе интиқоли қувваи барқ аз зеристгоҳҳои «Жуков» ва «Истгоҳи обкашии Ҷанубӣ-Ғарбӣ» ва мувофиқан интиқоли оби нўшокӣ аз «Истгоҳи обтозакунии Ҷанубӣ-Ғарбӣ» аз соати 9-00 то соати 11-00 рўзи 25 ноябри соли 2011 қатъ карда мешавад.
Ҳамин тавр, сарвари корхонаи «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» Аттоев С.К. ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» Исупов Ф.А. муваззаф шудаанд, ки тавассути воситаҳои ахбори омма ҷиҳати муваққатан қатъ намудани интиқоли қувваи барқ дар самти кўчаҳои Гипрозем, Нахимов, Навбаҳор, маҳаллаи Пахтакор, шаҳраки ҳарбиён ва интиқоли оби нўшокӣ дар шаҳракҳои 52, 53, 43, 65, 44, 24, 25, кўчаҳои Борбад, Фирдавсӣ, Н.Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ ва шаҳракҳои 31, 32, 33, 34, 35, 82, 83, 84, 103, 104, кўчаҳои Нахимов, Миралӣ, Юсуф Вафо, Котовский, Пайрав Сулаймонӣ, Тургенев, Р.Набиев, маҳаллаҳои Меҳнатобод, Наврўз, Ҳаёти Нав, Конститутсияи ноҳияи Сино эълон пахш намоянд. Аз сокинони маҳаллаю кўчаҳои зикргардида хоҳиш карда мешавад, ки миқдори лозимаи оби нўшокиро захира намоянд.
Раисони ноҳияҳои Сино-Сафаров З.А., Фирдавсӣ-Алиев С.А. ва директори КВД «Обу корези Душанбе» Исупов Ф.А. дар давраи қатъи интиқоли оби нўшокӣ, бо истифода аз мошинҳои обкашӣ сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нўшокӣ таъмин намоянд.