Гузориши аксӣ аз сафари кории Президент ба Данғара (АКС)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 31-уми август дар доираи сафари корияш ба ноҳияи Данғара бо гузоштани санги асос сохтмони бинои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва беморхонаи бисёрсоҳавиро оғози расмӣ бахшид. Инчунин раисиҷумҳури Тоҷикистон маҷмааи нассоҷии калонтарин ва варзишгоҳро мавриди истифода қарор дод.