Насиҳати Шарипов ба афвшудаҳо: Дигар барнагардед!
Изатулло Шарипов, сардори раёсати зиндонҳои Тоҷикистон зимни гусели нахустин гуруҳи маҳбусони афвшуда аз муассисаи ислоҳии ЯC 3/6-и ноҳияи Ёвон онҳоро насиҳат кардаст, ки “дигар ҷиноят накунед ва ба ин ҷо барнагардед”.
Яке аз афвшудаҳои 21-сола, ки субҳи имрӯз, 31-уми август аз зиндони Ёвон озод шуд, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, масъулин рӯзи гузашта тамоми расмиёт ва ҳисобукитобро анҷом дода, 405 нафарро имрӯз озод намуданд: “Сардори зиндонҳои Тоҷикистон ҳамаро насиҳат кард, ки дигар ҷиноят накунед. Моро савори автобусҳо карда ба Душанбе оварданд”.
Тибқи иттилои раёсати муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон рӯзи гузашта аз зиндони занонаи Норак ва боздоштгоҳи ноболиғон беш аз 100 нафари дигар озод карда шуданд.
Раҳоии нахустин гуруҳи маҳбусони афвшуда дар ҳолест, ки ахиран раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон зери Қонун “Дар бораи авф” имзо гузошт, ки гуфта мешавад, ҳудуди 12 ҳазор маҳбусро фаро хоҳад гирифт.