20 далел дар бораи Ислом Каримов
Бо гузашти чанд рӯз аз расонаӣ шудани бемории Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон ҳанӯз иттилои дақиқе дар мавриди вазъи саломатии ӯ дастрас нашудааст. Расонаҳои марбут ба мухолифини ҳукумати Узбакистон хабари марги Каримовро нашр карданд, аммо бархе манобеи огоҳ онро рад кардаанд. Дар пайи ин ҳама хабарҳои зиду нақиз торнамои Avdet 20 далели марбут ба Ислом Каримовро ҷамъоварӣ кардааст.
1. Ислом Каримов баъд аз Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон дарозумртарин раҳбари кишварҳои пасошӯравӣ маҳсуб мешавад.
2. Тибқи бархе маълумотҳо падари ӯ узбак ва модараш тоҷик будаанд.
3. Фарзияе мавҷуд аст, ки Ислом Каримов писари воқеии Абдуғанӣ Каримов нест.
4. Овони кӯдакии худро Ислом Каримов дар хонаи кӯдакон сипарӣ кардааст. Волидонаш ӯро соли 1941 ба хонаи кӯдакони Самарқанд супурда, соли 1942 гирифтаанд. Аммо соли 1945 дубора онҷо мегузоранд.
5. Дар бораи кӯдакии Каримов иттилои хеле кам дастрас мебошад. Аз ин рӯ ду дар бораи шарҳи ҳоли даврони наврасии вай ду фарзия вуҷуд дорад, ки тибқи яке вай хонандаи намунавӣ ва бар пояи фарзияи дуввум гапнодаро будааст.
6. Ислом Каримов дорои тахассуси «муҳандис-механик» ва иқтисодчӣ буда, инчунин номзади илми иқтисод будааст.
7. Ӯ дар гузашта вазири молияи Узбакистони шӯравӣ (1983–1986), раиси Госплан ва муовини раҳбари Шӯрои вазирони Узбакистон будааст.
8. Соли 1989 котиби аввали КМҲК Узбакистон мешавад. 24 марти соли 1990 дар ҷаласаи Шӯрои олии Узбакистони шӯравӣ Президент интихоб мегардад.
9. Моҳи марти соли 1991 қабл аз раъйпурсӣ дар мавриди ҳифзи СССР, мардумро тарғиб мекард, то барои дар ҳайати СССР мондани Узбакистон раъй бидиҳанд. Дар пайи бозшумории овозҳо 93,7 дарсад ба ҷонибдорӣ раъй додаанд.
10. Каримов аввалин раҳбари кишварҳои Осиёи Марказӣ буд, ки аз истиқлоли кишвараш хабар дод.
11. 26 марти соли 1995 тавассути раъйпурсӣ ваколати Каримов то соли 2000 тамдид шуд. Тавассути қонун дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ маҳдудиятҳо бар мухолифон шадид шуд.
12. Моҳи феврали соли 1999 дар шаҳри Тошканд дар назди бинои ҳукумат, ки қарор буд, ҷаласаи кобинаи вазирон баргузор шавад, мошини ҳомили бомб таркид. Дар натиҷа 16 нафар кушта, беш аз сад тани дигар маҷруҳ шуданд. Президент осеб надид. Дар суханронӣ тавассути телевизион ин амалро талоши суиқасд ба ҷони худаш арзёбӣ кард ва дар анҷоми ин кор намояндаҳои исломи ифротиро муттаҳам намуд.
13. 9 январи соли 2000 дар интихоботи президентии бидуни рақобат бо касби 91,9 дарсади раъй дигарбора курсии худро ҳифз кард. Раъйпурсии 27 феврали соли 2002 муҳлати раёсатҷумҳуриро аз 5 ба 7 расонд.
14. Баъди воқеаоти 11 сентябри соли 2001 Узбакистон шарики стратегии ИМА дар ҷанг алайҳи террористон дар Афғонистон шуд. Тошканд ба Вашингтон имкони ҷойгир намудани пойгоҳи ҳарфиро фароҳам овард.
15. Интихоботи президентии соли 2007, ки Каримов бо касби 90,76 дарсади раъй пирӯз эълон шуд, аз сӯи нозирони ғарбӣ танқид шуд. Онҳо интихоботро ношаффоф хонданд.
16. Давоми 27 соли президентии Ислом Каримов расман ягон бор дар мавриди бемории ӯ хабар дода нашудааст. Аммо дар расонаҳо борҳо аз бад шудани вазъи президент хабарҳо нашр шуданд. Аз соли 2010 ду маротиба хабари дар кома афтидани вай паҳн шуд.
17. Ҳамсари Ислом Каримов – Татяна Акбаровна Каримова — хуни тоҷикӣ ва русӣ дорад.
18. Духтари калони вай Гулнора Каримова (соли таваллуд 1972) аз моҳи феврали соли 2014 бо иттиҳоми фасод ва сӯиистифода аз мақом дар ҳабси хонагӣ қарор дорад.
19. Духтари дуввуми ӯ Лола Каримова-Тиллоева (таваллуд 1978) бо талошҳояш ҷиҳати рушди маориф ва варзиш маъруф аст. Ӯ бунёдгузори созмонҳои маъруфи хайрия ва намояндаи Узбакистон дар ЮНЕСКО мебошад.
20. Ислом Каримовро яке аз диктаторони хунгарм медонанд, ки алайҳи мухолифонаш бештар шиканҷа ва “табобат”-и маҷбурии равониро истифода мебарад. Каримов инчунин дар куштори тазоҳургарони Андиҷон дар моҳи майи соли 2005 муттаҳам мешавад.