Тағйири ҳукми зодаи Тоҷикистон барои марги раиси “фанат”-ҳои Челябинск
Додгоҳи вилояти Челябинск Комил Ҷамилов, зодаи 23-солаи Тоҷикистонро дар асоси шикояти апеллятсионии наздикони Виталий Спиридонов, раҳбари ҳаракати мухлисони дастаи хоккейи “Трактор” 10 сол равонаи зиндони низомаш пурзӯр кард. Дар ин бора Евгения Натсиевская, сухангӯи додгоҳ хабар дода, гуфтааст, ҳукми зиндони Ҷамилов, ки дар марги Виталий Спиридонов, муттаҳам мешавад, дирӯз, 30 август содир шуд.
Ба иттилои манбаъ, наздикони Спиридонов дар шикояти апеллятсионии худ, тақозо кардаанд, ки муҳлати ҷазои Ҷамилов бештар карда шавад. Комил Ҷамилов инчунин муваззаф шудааст, беш аз як миллион рубл зарари маънавӣ пардохт намояд.
Қаблан Додгоҳи ноҳияи марказии шаҳри Челябинск ин ҷавони тоҷикро 3 солу 8 моҳ равонаи зиндони низомаш умумӣ карда буд. Аммо ин ҳукм аз ҷониби додгоҳи вилоятӣ рад гардид. Владимир Гупенко, масъули Кумитаи тафтишотӣ змни баррасии ин парванда гуфта буд, Ҷамилов зимни тафтишот гуноҳашро танҳо қисман иқрор кардааст: “Ҷамилов гуфт, зарбаи ӯ наметавонист, ки боиси марги Спиридонов шавад. Аммо ташхиси тиббӣ нишон дод, ки зарбаҳои муттаҳам марговар будаанд”.
Кумитаи тафтишотӣ Ҷамиловро инчунин дар расондани зарари ҷисмонӣ ба ду нафаре муттаҳам карда буд, ки ӯро таъқиб карда, хостаанд, боздошт кунанд: “Ҷамилов ба ҷоғи ин ду нафар ҳам як зарбаӣ задааст”.
Виталий Спиридонов, раҳбари ҳаракати мухлисони дастаи хоккейи “Трактор”-и Челябинск, ки бо зарби як мушти тоҷиктаборе аз пой афтида буд, 19 августи соли гузашта ба ҳалокат расид. Ба иттилои расонаҳо, қазия соати 4-и субҳи 4 августи соли 2015 дар назди майхонаи “Топка”-и Челябинск сурат гирифтааст: “Миёни мухлисони “Трактор” ва гуруҳи ҷавонон муноқиша сар задааст. Ҷонибҳо барои ҳалли қазия ба беруни майхона баромадаанд”.
Дар навори сабткардаи дурбинҳои майхона дида мешавад, ҷавони кулоҳпӯш, ки гуфта мешавад Ҷамилов аст, бо як зарба Спиридонови 37-соларо аз пой меафтонад. Ба иттилои расонаҳои русӣ, сари Спиридонов осеб дида, баъди ду ҳафта дар беморхона ҷон додааст.
Шаби 11 ба 12 августи соли сипаришуда дар пайи амалиёти муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Челябинск ва Хадамоти федералии амният - “ФСБ” Комил Ҷамилов боздошт гардид. Расонаҳои русӣ мегӯянд, Ҷамилов шаҳрвандии Русияро дошта, дар Челябинск ба сар мебарад: “Ӯ ба машқи муҳорибаҳои бидуни қоида низ машғул будааст”.