Хости бобо: Расули 1,5-солаи тоҷик расман Путин мешавад (АКС)
Раҳмон Ҷӯраев, як ҳаводори 70-солаи тоҷики Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия тасмим гирифтааст, номи наберааш Расули яксолаю 8 моҳаро расман ба Путин тағйир диҳад.
Хонаводаи Ҷӯраевҳо, муҳоҷирони тоҷик, ки шаҳрвандии Русияро доранд, ба мақомоти ноҳияи Александрови вилояти Владимир дар ин бора ариза пешниҳод кардаанд ва дар назар аст, рӯзҳои наздик номи Расул расман Джураев Путин Джохонгирович шавад. Тибқи иттилои нашрияи "Новый город Александров" бобои Путини оянда мухлиси раисиҷумҳури Русия буда, дар хонаи Ҷӯраевҳо ашёҳои зиёдро бо аксҳои ӯ гирд овардааст. Тасмими ӯро дар бораи тағйири номи наберааш дигар аъзои оила дастгирӣ кардаанд.
Светлана Поваляева, раиси ноҳияи Александров изҳор доштааст, ки ҳеч далели қонуние барои радди дархости ин хонавода вуҷуд надорад ва рӯзҳои наздик Расул расман Путин хоҳад шуд.