ВАО: Дар Узбакистон таҷлили расмӣ аз Рӯзи истиқлолро лағв кардаанд
Мақомоти Узбакистон чорабиниҳои расмӣ бахшида ба Рӯзи истиқлолро, ки 1 сентябр дар назар буд, лағв кардаанд, хабар медиҳад BBC O'zbek бо такя ба манобеи огоҳаш.
Аммо ин манбаъ аз далели ин тасмим изҳори беиттилоӣ кардааст. Маълум нест, ки лағви чорабинӣ ба бемории Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон рабт дорад ё хайр.
27 августи соли равон раисиҷумҳури 78-солаи Узбакистон дар пайи хунравии мағзи сар дар беморхона бистарӣ шуд. Ҳоло дар бораи вазъи ӯ хабари дақиқе рӯи даст нест.