Хабари марги Ислом Каримов ва сукути мақомоти Тошканд
Пойгоҳи хабарии “Фарғона” аз марги Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон хабар додааст.
Ин расона менависад, Каримов наздикиҳои соати 15-16 (ба вақти маҳаллӣ) дар синни 79 дар беморхонаи шаҳри Тошканд даргузаштааст. Аммо мақомоти Узбакистон ҳанӯз ин хабарро тасдиқ ё рад накардаанд. Дар ҳамин ҳол дар шабакаи иҷтимоии instagram гуруҳе бо номи “пуштибонӣ аз Ислом Каримов” созмон ёфта ва дар он гуфта мешавад, президенти Узбакистон шоми 29 августи соли 2016 вафот кардааст. Маъмурияти гуруҳ аз корбарон даъват кардааст, барои президент дуо кунанд.
Рӯзи гузашта баъди хабари ба бистари беморӣ афтидани Каримов, Лола Каримова-Тиллоева, духтари хурди раисҷумҳури Узбакистон дар саҳфаи Instagramи худ вазъи падарашро шарҳ дод. Ба навиштаи ӯ, падараш дар воқеъ ба хунравии мағзӣ дучор шуда, дар шӯъбаи эҳёи беморхона бистарӣ мебошад. Ин духтари Каримов, ки аз ӯ ба унвони яке аз ворисони тахти падар ном бурда мешавад, навиштааст, “вазъи ӯ муътадил арзёбӣ мешавад. Дар ҳоли ҳозир хеле барвақт аст, ки дар мавриди вазъи ояндаи ӯ пешгӯйӣ кунем”.
Аз ин пеш Ҳукумати Узбакистон ба таври расмӣ бемор будани президентро тасдиқ кард.