Духтари президенти Узбакистон: Падарам дар шӯъбаи эҳё мебошад
Лола Каримова-Тиллоева, духтари хурди Ислом Каримов, раисҷумҳури Узбакистон дар саҳфаи Instagramи худ вазъи падарашро шарҳ додааст.
Ба навиштаи ӯ, падараш дар воқеъ ба хунравии мағзӣ дучор шуда, ҳоло дар шӯъбаи эҳёи беморхона бистарӣ мебошад. Ин духтари Каримов, ки аз ӯ ба унвони яке аз ворисони тахти падар ном бурда мешавад, навиштааст, “вазъи ӯ муътадил арзёбӣ мешавад. Дар ҳоли ҳозир хеле барвақт аст, ки дар мавриди вазъи ояндаи ӯ пешгӯйӣ кунем”.
Аз рӯзи гузашта то ба ҳол ахбори зиду нақизе дар бораи вазъи саломатии Ислом Каримов нашр мешавад. Ҳукумати Узбакистон ба таври расмӣ бемор будани президентро тасдиқ кард. Баъзе аз ситораҳои шоубизнеси ин кишвар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мардум даъват кардаанд, ба хабару овозаҳо дар бораи бад шудани вазъи саломатии Ислом Каримов бовар накарда, барои ӯ дуо кунанд.