Президенти Узбакистон дар бистари беморӣ
Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон дар беморхона бистарӣ шудааст.
Дар бораи бемории президенти 78-сола бидуни ҷузъиёти бештар рӯзи якшанбеи 28 август кобинаи вазирони Узбакистон хабар додааст.
Дар ҳамин ҳол, бархе расонаҳо бемории Каримовро шадид гуфтаанд.
Ислом Каримов яке аз дарозумртарин раисиҷумҳурони Осиёи Марказист. Ӯ аз соли 1991 президенти Узбакистон мебошад. Бар асоси Сарқонун соли 2021 муҳлати раёсати ӯ ба поён мерасад.