Барномаҳои телевизионҳои Тоҷикистон ҳоло дар сатҳи паст қарор доранд.
Хусусан дар шабакаҳои давлатӣ жанри хабар дуруст риоя намешавад ва мӯҳтавои бархе аз барномаҳояшон ба талаботи тамошобин ҷавобгӯ нестанд. Ин нуктаро Ҷовид Муқим, профессор, ҳамзамон устоди факултаи журналистикаи ДМТ зимни як ҳамоиши созмонёфта дар Душанбе иброз дошт. Тибқи иттилои хабарнигори «Озодагон» конфронси мазкур таҳти унвони «Жанр ва маҳорати нигорандагӣ дар васоити электронии ахбор» доир гардида, дар он масъулини кумитаи радио ва телевизион, Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ва устодону донишҷуёни факултети журналистикаи ДМТ ширкат доштанд.
Масъулини кумитаи равдио ва телевизион, зимни ин нишаст иброз доштанд, ки феълан дар таҳияи барномаҳо ва риояи жанрҳо дар телевизионҳо камбудиву норасоиҳо вуҷуд дорад ва дар наздиктарин фурсат ислоҳ хоҳанд шуд.
Устодони факултаи мазкур дар ҷараёни ҳамойиш аз ширкатдорон хоҳиш карданд, ки студияи таълимии телевизион ва радиоро бо чашми худ бинанд.Ҳангоми шиносоӣ бо ин студия қайд гардид, ки таҷҳизоти студия ва тарзи ҷо ба ҷо гузории технологияи ин студия ба шароити кори рӯзноманигорӣ чандон мувофиқ нест, аммо ба ҳар сурат мавҷудияти он дар донишгоҳ ба нафъи донишҷӯён аст.