Ҳалокати зан аз 11 зарби корди шавҳараш
Як сокини 43-солаи шаҳри Истаравшан бо иттиҳоми куштори ҳамсараш боздошт шудааст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ин мард субҳи 26 август бо ҳамсари 23-cолаи хуб муноқиша карда, “бо корди хоҷагии дар дасташ буда, 11 маротиба ба узвҳои баданаш задааст”.
Ба иттилои манбаъ, ҷабрдида дар беморхона ба ҳалокат расидааст: “Аз ҷониби кормандони милитсия гумонбари ҷинояти куштор дастгир гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд”.