Ҳалокати як нафар дар пайи бархӯрди “Опел” бо “Мерседес”
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз як садамаи маргбор дар шимоли Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, 25 август ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, сокини 52-солаи шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат аз самти маркази шаҳр ба ҷониби маҳаллаи 20-ум бехатарии ҳаракат дар роҳро риоя накарда, бо автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” таҳти идораи сокини 27-солаи шаҳр бархурдааст: “Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, марди 46-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ ба ҳалокат расида, ронандаи ҳамин автомашина ва мусофири автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, марди 29-солаи сокини шаҳри Бӯстон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд”.