Ваъдаи “Beeline” барои пардохти ҷуброн ба муштариёни суғдию хатлониаш
Ширкати мобилии “Beeline” эълон кардааст, барои мушкилӣ дар дастрасӣ ба интернет ва алоқаи овозӣ, ба муштариёни худ ҷуброн мепардозад.
Тибқи иттилои ин ширкат, дар пайи кандашавии ноқили нурию нахӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон муштариёни “Beeline” аз 20 то 23 август ҳангоми тамос гирифтан ва ворид шудан ба интернет ба мушкил мувоҷеҳ шуданд. Манбаъ мегӯяд, мутахассисон баъди корҳои барқароркунӣ ин мушкилро рафъ кардаанд.
Масъулини “Beeline” гуфтаанд, барои муштариёни худ дар ин минтақаҳо ҳамчун ҷуброн бонусҳо дар шакли занг, СМС ва интернет пешниҳод мегардад.