Пешниҳоди Бобоназарова барои татбиқи афви бидуни коррупсия
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси маъруфти тоҷик дар пайи қабули қонуни афв, ки 12 ҳазор нафарро дар бар мегирад, пешниҳод кард, барои шаффоф ва бидуни қонуншиканиву омилҳои коррупсиёнӣ татбиқ гардидадани он, ҳукумат бояд ба раванди амалигардии қонун, ҷомеаи шаҳрвандиро ҷалб намояд.
Хонум Бобоназарова имрӯз, 25 август дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, то замоне ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳаққи назорат карданро надошта бошад ва ба ҳайати Комиссияҳои қонуни афв шомил нашавад, амалҳои коррупсионӣ боқӣ хоҳанд монд.
Ин ҳуқуқшиноси тоҷик таъкид намуд, баъди татбиқи ҳар қонуни афв дар бораи қонуншиканиҳо зиёд мешунаванд, агар ҳукумат ин сару садоҳоро дурӯғ мешуморад, пас бояд ба ин раванд ҷомеаи маданӣ ва журналистонро ҷалб кунад: “Бубинед, ҳар сол Агентии мубориза алайҳи фасод вазоратҳои фасодзадаро эълон мекунад. Ҳол он ки онҳо сохторҳои махсус нестанд ва ҳабсхонаҳо сохтори махсус мебошанд. Дар ҳабсхонаҳо таъмини шаффофият мушкил аст. Яъне, агар вазоратҳо, ки сохтори пӯшида нестанд, ба амалҳои коррупсионӣ даст бизананд, пас кӣ гуфта метавонад, ки дар сохторҳои пӯшида ин корҳо намешавад?”
Пешниҳоди Ойниҳол Бобоназарова дар ҳолест, ки 24 август Иззатулло Шарипов, сардори Сарраёсати ислоҳи ҷазои ҷиноятӣ зимни қабули тарҳи қонуни афв дар ҳузури вакилони Маҷлиси намояндагон гуфт, барои татбиқи лоиҳа омодагии хуб дидаанд ва талош мекунанд, дар ҷараёни амалӣ шудани он қонуншиканӣ нашавад.