Э.Раҳмон дар Қӯрғонтеппа бинои нави Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавиро ба истифода дод
Дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бинои нави Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, ин бино барои 800 тамошобин пешбинӣ гардида, бо харҷи 26 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бунёд шудааст.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, “бунёди ин иншооти фарҳангиро дар остонаи ҷашни сарнавиштсози миллат- 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аҳли ҳунар туҳфаи арзанда арзёбӣ намуд”.
Корҳои сохмонӣ дар бинои нави дуошёнаи Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов соли 2014 оғоз гардид. “Дар ин ҷо беш аз 20 утоқӣ корӣ, аз ҷумла ҷойи машқу тамрини ҳунармандон, ороиши чеҳра, ҳуҷраи нигоҳдории либосҳои саҳнавӣ, ошхона ва ҷой барои истироҳати ҳунарпешаҳои театр бунёд гардидааст, ки ҳама бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурии соҳа таъмин карда шудаанд. Ба гуфти мутахассисон, бо чунин тарҳ бунёд гардидани театр дар самти фаъолияти касбии ҳунармандон мусоидати бештар хоҳад кард, зеро саҳнаи марказии толори тамошобинон тибқи меъёрҳои байналмилалӣ чархзананда буда, дар вақти таҳия ва пешниҳоди намоишномаҳо ороиш ва дигаргун намудани санҳна ба осонӣ сурат мегирад”,-меафзояд дафтари матбуоти Президент.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, бо фароҳам гардидани чунин шароит аҳли театрро зарур аст, ки пайваста дар сафи пеши тарғибу ташвиқи арзишҳои милливу инсонӣ ва густариши маърифату завқи баланди мардум қарор дошта, масъалаҳои нав ва мубрами ҳаётро дар даврони истиқлол ба миён гузоранд.