“Шайх Темур” ба озодӣ мебарояд?
Мавлудхон Салихов, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба “Шайх Темур” бар асоси қонуни нави афв шонси ба озодӣ баромаданро дорад.
Ҷаноби Салихов, ки дар мурофиаҳои додгоҳӣ аз ҳуқуқҳои Саидмаҳдихон Сатторов ҳимоят мекард, имрӯз 25 август дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, моддаҳое, ки бар пояи онҳо зерҳимояашро муҷрим шинохтанд, шомили қонуни афв мебошад: “Саидмаҳдихон Сатторов ба он ҷиноятҳое, ки тибқи ин қонун афв намешаванд, маҳкум нашудааст, яъне терроризму экстремизму ба мисли инҳо. Дуюм, дар қонун гуфта шудааст, ки он нисбати афроди аз 55-сола боло татбиқ мешавад”.
Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 8 июл Саидмаҳдихон Сатторовро бо иттиҳоми дузанагӣ, таҳқири ҷасади фавтидаҳо -- несту нобуд ё касиф кардани қабристон, тамаъҷӯӣ ва чанд ҷинояти дигар 16 сол равонаи зиндони низомаш шадид кард. Аз ин муҳлат ӯ як солу 6 моҳро сипарӣ кардааст. Сатторов инчунин, дар ҳаҷми 1500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 60 ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима шуд. Қабл аз эълони ҳукм Сатторов дар сухани ниҳоияш аз додгоҳ хоста буд, ӯро сафед ва аз толори мурофиа озод кунад.
Номи “Шайх Темур” баъди он вирди забон шуд, ки Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон шоми 6 феврали соли 2015 филми мустанадеро бо номи “Ривояти Шайх Темур” намоиш дод. Дар он Сайидмаҳдихон Сатторов дар мардумфиребӣ муттаҳам мешуд. Баъдан, Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо дархости Додситонии кулл ӯро ба ҳабси пешакӣ гирифт ва 9 июни соли равон дар боздоштгоҳи №1-и шаҳри Душанбе мурофиаи додгоҳии ӯ оғоз шуд.